Негізгі орта білім беру деңгейінің 5-9-сыныптары үшін «Тәжік тілі» пәнінен типтік оқу бағдарламасы

Негізгі  орта білім беру деңгейінің  5-9-сыныптары  үшін

«Тәжік тілі» пәнінен типтік оқу бағдарламасы

 

 

  1. Тавзеҳот

 

  1. Мувофиқи стандарти умумитаълимии давлатӣ, ки бо қарори тасдиқшудаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 23 августи соли 2012 №1080, барномаи музкур дар асоси принсипҳои инкишоф ва таълиму тарбия, давомоти муттасилӣ сохта шудааст. Забони тоҷикӣ дар миқёси ҷаҳон аз забонҳои бой ва таърихи қадимидошта мансуб меёбад. Мо ворисон, маҳз тавассути он аз таъриху маданияти ғаниву рангини гузаштагонамон огоҳӣ ёфта, имрӯз бо ҳамин забон баҳри рушду нумӯъ ва пешбурди тамоми фаъолияти ҷамъиятиву иҷтимоии дар ҷумҳуриамон мавҷуда талош меварзем. Аз ин рӯ, дар мактаб ба таълими забони тоҷикӣ, ҳамчун ба таълими яке аз фанҳои воломақом, бояд бештару беҳтар эътибор дода шавад.
  2. Баҳри ноил гардидан ба ҳамин мақсаду вазифаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаб барномаи мазкур на танҳо бо назардошти принсипҳои илмиву пайдарҳамӣ ва фаҳмо будани маводи таълим, ҳамчунин бо риояи талаботи педагогӣ ва равоншиносиву методӣ, ки дар маҷмӯъ принсипи аз осон ба душвор гузаштанро таъмин месозанд, мураттаб гардидааст. Аз ин ҷиҳат, барнома дорои маводе мебошад, ки он мутобиқи вазифаи омӯзиши мафҳумҳои забон доир ба фаслу кисматҳои таркибии фонетика, калима (луғат), калимасозӣ, морфология, синтаксис, услуб (тарзи баён), имло, аломатҳои китобат ва боз дигар нуқтаҳо дар тафаккуру фаъолияти хонандагон созмондиҳандаи меъёрҳои забони адабии имрӯзаи тоҷик пешниҳод гаштааст.
  3. Дар системаи таълим ва омӯзонидани мавзӯъҳои таркибии фаслу бобҳо, пеш аз ҳама синтаксис(бештар) ва баъзан дар омӯзиши мавзӯъҳои таркибии фонетика, морфология дар барнома ба тариқи таҷриба (эксперимент) баъзе дигаргуниҳо ворид карда шавад, ки муҳимтаринашон инҳоанд:

1) Маьлум, ки синтаксис илм дар бораи ибора ва ҷумла аст. Аммо дар қиёс бо ҷумла дар барномаҳои пешин доир ба ибора басо маълумоти маҳдуд додан талаб карда мешуд, ҳол он ки мувофиқи ақидаи баьзе аз олимону методистони машҳур, таълими муфассали ибора дар мактаб боиси аз тарафи хонандагон беҳтар аз худ намудани чандин мавзӯъҳои синтаксиси ҷумлаҳои содда ва мураккаб мегардад. Ана ҳамин муҳимиятро ба эътибор гирифта, дар барномаи синфи VIII марбут ба фасли «Ибора ва ҷумла» таълим додани масъалаҳои алоқаи калимаҳо дар ибора, маънои луғавӣ ва грамматикии ибора низ таъкид карда шуд;

2) Таълим додани ҷумлаи пайрави мубтадо ва хабар дар синфн IX пас аз таълими ҷумлаи пайрави муайянкунанда, яъне пеш аз таълими ҷумлаҳои пайрави ҳол мувофиқтар дониста шуд. Зеро, чунон ки таҷрибаи омӯзгорон нишон медиҳад, дар рафти омӯзиши ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аввал таълим додани ҷумлаҳои пайрави  мубтадо ва хабар аксари мавридҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Азхудкунии ин мавзӯъҳо басе душвор буда, ҳамчунин истеъдодашон низ дар забони адабии тоҷик нисбат ба хелҳои дигари ҷумлаҳои пайрав, хусусан, нисбат ба ҷумлаҳои пайрави пуркунандаву муайянкунанда камтар аст;

3)  Дар бобати ҷо ба ҷо гузоштани мавзӯъҳои таркибии бобҳои «Исм», «Зарф», дар қисмати синтаксис доир ба тартиби омӯзиши хелҳои ҳол ва ҷумлаҳои пайрави ҳол тағйирот ворид карда шуд, ки он низом дар рафти таълим бояд риоя карда шавад;

4) Дар синфи VI  таълим додани мавзӯи «Феъли ҳол», ҳамчун яке аз қисматхои мураккаби боби «Феъл», пас аз фасли «Сифати феълӣ» низ муносиб дониста шуд, ки дар як фосилаи наздик ва дар муқоиса бо сифати феълӣ таълим додани он низ мантиқан ҷавобгӯи талабот хоҳад буд ва ғайра.

4. Дар барномаи ҳар синф — аз синфи V то IX — пеш аз такрори солона таҳти унвони «Нутқи мураттаб» фасли махсус пешниҳод мешавад. Албатта, номгӯи мавзӯъҳои дар ин фасл зикршуда, дар асл, намунавӣ буда, маҳз мутобиқи он кор бурдани омӯзгорон талаб карда намешавад. Дар интихоби мавзӯъҳои таълимии марбут ба нутқи мураттаб муаллим озод аст, вале дар назар бояд дошт, ки мавзӯъҳои интихобнамудаи ӯ ба ин ё он услуби нутқ мувофиқат кунад. Дар баробари ин, бояд донист, ки мавзӯъҳои фасли мазкур («Нутқи мураттаб») чун мавзӯъҳои